ЭМОМАЛӢ РАҲМОН МАҶАЛЛАИ «ДРУЖБА НАРОДОВ» — РО ТАБРИК НАМУД
Маскав, 21 май. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Бегоҳии 20 май дар шаҳри Маскав ба муносибати 70 — солагии таъсиси маҷаллаи адабии «Дружба народов» ҷамъомади идона баргузор гардид. Дар он намояндагони давлатҳои ИДМ, Маҷлиси федералии Русия, Вазорати фарҳанги ин мамлакат ва созмонҳои байналхалқию ҷамъиятӣ ширкат варзиданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати таҳририяи маҷаллаи адабию бадеӣ ва ҷамъиятию сиёсии «Дружба народов» — ро ба муносибати 70 — солагии таъсиси он табрик намуд. Дар номаи шодбоши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта мешавад, ки пешрафту инкишофи адабиёти тоҷик, хусусан дар даврони шӯравӣ ба нашри ҳамин маҷалла вобаста мебошад. Адабиёти тоҷик тавассути ҳамин маҷалла бо адабиёти миллатҳои дигари шӯравӣ равобити ҳамаҷониба дошт. Қобили қайд аст, ки дар шумораи нахустини маҷаллаи «Дружба народов» афсонаҳои халқии тоҷикӣ ва мақола дар бораи фолклори тоҷик чоп шуда буданд. Аз ҳамон вақт сар карда, тақрибан дар ҳар шумораи маҷалла намунаҳои эҷодиёти адибони тоҷик ба табъ мерасиданд». Аз дафтари матбуоти Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии давлатҳои ИДМ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки имрӯзҳо ба унвони маҷалла номаҳои табрикӣ ва барқияҳои сершумор мерасанд. Як қисми онҳо аз номи сарони давлатҳҳои ИДМ фиристода шудаанд. Дар маҷаллаи «Дружба народов» соли 2008 боби махсуси «Китобхонаи «Дружба народов» барқарор карда шуд. Дар он аз эҷодиёти адибони машҳури давлатҳои Иттиҳод шаш китоб чоп карда шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






