ФАРХОРИҲО БА САРФАКОРӢ ГУЗАШТАНД

Май 20, 2009 08:40

                        Мӯъминобод, 19 май. (АМИТ «Ховар» Сулаймон Холов) .- Дар саросари шаҳру ноҳияҳои кишвар вохӯрии вакилони халқ, роҳбарони ташкилоту корхона ва шахсони муттасадӣ бо аҳолӣ оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.                        Дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон вохӯрии вакили маҷлиси намояндагон Хоналӣ Қурбонзода бо интихобкунандагон доир гардид. Дар вохӯрӣ паҳлӯҳои гуногуни Паёми сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ ва мардуми Тоҷикистон баррасӣ гардида, аз ҷумла қайд карда шуд, ки дар паёми навбатии сарвари давлат роҳҳои пешгирӣ аз шиддати бӯҳрони молиявӣ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ ва ба кор таъмин намудани аҳолӣ, истифодаи оқилоиаи сарватҳои табиӣ аз ҷумла қувваи барқ, дастгирии соҳибкорӣ ва рушди соҳаи хоҷагии қишлоқ матрах гардидааст.                      Бояд қайд намуд, ки паёми Президенти мамлакат дар ноҳияи Фархор аз ҷониби ташкилоту корхона ва аҳолӣ дастгирии ҳамаҷониба пайдо намуда, дар муддати ду ҳафта бинои ҳокимияти маҳаллӣ ва ташкилоту корхонаҳо ба истифодаи фурӯзонакҳои камхарҷ гузаштанд. Дар марказҳои савдо ва бозори ноҳия бошад бо супориши ҳокимияти маҳаллӣ нуқтаҳои махсуси савдои фурӯзонакҳои камхарҷ фаъол гардонида шудааст. Таи рӯзҳои охир талабот ба ин намуди фурӯзонак афзудааст.                       Айни замон, ҷамъияти матлуботи ноҳия вобаста ба талаботи аҳолӣ азм дорад дар ҷамоатҳо ва маркази ноҳия нуқтаҳои дигари фурӯши фурӯзонакҳои камхарҷро бо нархҳои арзон ба роҳ монад- Ҳокимияти маҳаллӣ бошад, таъмини оилаҳои камбизоатро бо фурӯзонакҳои камхарҷи ҳозиразамон ба нақша гирифтааст.   

Май 20, 2009 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад