ФЕСТИВАЛИ МУСИҚИИ КАСБИИ «БАҲОРИСТОН» ДАР ДУШАНБЕ ОҒОЗ МЕЁБАД

Май 15, 2009 09:22

                     Душанбе, 15 май. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Аз 15-ум то 19-уми май дар Душанбе Фестивали байналмилалии санъати мусиқии касбии «Баҳористон» бо дастгирии молиявии барномаи «Фарҳанг ва ҳунар»-и Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон баргузор мегардад. Фестивали имсола ба мусиқии фортепиано «PIANO-FORTE» бахшида шудааст.                      Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон хабар доданд, тӯли панҷ рӯз консертҳои яккаи пианинонавозон баргузор гардида, дар онҳо барномаҳои махсус барои фестивал омодагардида иҷро хоҳанд шуд. Пианинанавозон нақша доранд барои донишҷӯён ва омӯзгорони Консерваторияи миллии Тоҷикистон машқҳои ҳунарӣ(мастер-класс) ташкил намоянд. Инчунин, дар чаҳорчӯбаи фестивал баргузории консерти пианинонавозони ҷавон аз ҷумлаи толибилмон ва донишҷӯёни омӯзишгоҳҳои мусиқии Тоҷикистон дар назар аст.                    Фестивалҳои байналмилалии санъати мусиқии касбии «Баҳористон», ки дар давоми се соли охир бо дастгирии Шӯъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» — Бунёди Мадад дар Тоҷикистон баргузор мешаванд, ба ҳукми анъана даромада, дар ҳаёти фарҳангии кишвар саҳм мегузоранд. Бори нахуст ба кишвари мо бо намоишҳои худ пианинонавозони машҳури ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва ИМА ташриф намуданд. Ба фикри коршиносони соҳаи фарҳанг, гузаронидани фестивалхои мазкур имконият доданд, то ин ки Консерваторияи тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ худро муаррифӣ намояд ва робитаҳои фарҳангиро миёни кишварҳои Осиёи марказӣ ва берун аз он мустаҳкам гардонад. Фестивали «Баҳористон» ҳарсола ташаббусҳои тозаи фарҳангиро эчод мекунад .                     Фестивали аввалини Осиёи Марказии санъати мусиқии касбии «Баҳористон» дар моҳи майи соли 2007-ум баргузор гардид. Дар он омӯзгорон ва донишҷӯёни Консерваторияҳои миллии Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ширкат варзиданд

Май 15, 2009 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид