ФОРУМИ СОҲИБКОРОНУ ТОҶИРОНИ ДУ ДАВЛАТ

Май 30, 2009 09:33

                         Нимаи дуюми рӯз 29 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул дар Форуми соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Туркия, ки субҳи имрӯз дар меҳмонхонаи «Ҳаёт реҷенси» оғоз ёфта буд, иштирок намуданд.Месазад таъкид намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гулро дар ин сафар дар баробари ҳайати калони ҳукуматию парлумонӣ беш аз 150 нафар соҳибкорону тоҷирони соҳибнуфузи кишвараш ҳамроҳӣ мекунанд.                        Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул аз имконоти васеи ҳамкории гуногунҷанба миёни ду кишвар ёдовар шуда, соҳибкорону тоҷирони туркиро ба сармоягузорӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд даъват намуданд.                        Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар форум бо қаноатмандӣ аз афзоиши шумораи кишварҳои хориҷие, ки бо Тоҷикистон муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ доранд, ёдовар шуда, соҳибкорону тоҷирони Туркияро низ ба ҳамкории аз имрӯза бештар даъват намуд. Таъкид гардид, ки «мубодилаи мол бо кишварҳои хориҷӣ дар панҷ соли охир ҳудуди дуюним маротиба боло рафт. Ҳаҷми гардиши савдои мутақобил бо Ҷумҳурии Туркия бошад, дар ҳамин давра қариб 2 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод».                      Зикр гардид, ки имкону захираҳои ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика, саноати сабук, кишоварзӣ, сохтмон ва ғайра хеле фаровонанд.                       Соҳибкорону тоҷирони туркӣ бо назардошти имконоти васеъ бештар ба иштирок дар бунёди нерӯгоҳҳи обӣ ва корхонаҳои муштарак оид ба истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, коркарди нахи пахта, пила, пашму пӯст, меваю сабзавот ва сангҳою металҳои қиматбаҳо мароқ зоҳир намуданд. Иштирок дар сохтмони роҳҳо, биноҳои маъмурию истиқоматӣ ва иншооти марбут ба туризм низ барои ҳарду ҷониб судманд арзёбӣ гардид. Ширкатҳои Туркия метавонанд дар сохтмони биноҳо, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва маводи хӯрока бо назардошти мавҷудияти имконият ва талабот ба ин маҳсулот фаъолияти имрӯзаи худро дар кишвари мо боз ҳам тақвият бахшанд.                       Баъди иштирок дар форуми мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул ҳамчунин аз литсейи тоҷикии туркии ба номи ҳоҷӣ Камоли шаҳри Душанбе дидан карда, аз сатҳи баланди донишу малакаи хонандагони он изҳори хушнудӣ намуданд.                         Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Май 30, 2009 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад