ГАЗИ ДАНҒАРА
Душанбе, 7 май (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз Вазорати энергетика ва саноат ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки Ширкати «Газпромзарубежнефтегаз» аз моҳи июни соли ҷорӣ корҳои иктишофиро дар се минтақаи ояндадори ҷумҳурӣ — Саргазон, дар ноҳияи Данғара, Ренган дар ноҳияи Рӯдакӣ ва Сариқамиш дар ноҳияи Шаҳринав оғоз мекунад. Ба ин минтақаҳо аз ҷониби ширкати мазкур ворид сохтани техникаю таҷҳизоти зарурӣ оғоз ёфт. Аз ҷониби Ширкати «Газпомзарубежнефтегаз» корҳои иктишофӣ дар минтақаи Саргазон ба анҷом расид. Алҳол дар ҳудуди ноҳияи Данғара якчанд макони эҳтимолии захираи калони газ кашф карда шудааст. Ба иттилои ҳамин манбаъ, мутахассисон барои ба даст овардани маълумоти дақиқтар бояд аз технологияи нави (3D) истифода намоянд. Ин намуди технология ба ҷои нави корҳои иктишофӣ интиқол дода мешаванд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






