ГЕРОИН ДАР МАҒЗИ БОДОМ
Душанбе, 5 май. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов). — Кормандони Хадамоти гумрукӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фурӯдгоҳи пойтахт миқдори зиёди героин мусодира намуданд. Ҳангоми ба расмиятдарорӣ ва назорати бору боғоҷи мусофирони ҳавопаймои сайрхати «Душанбе-Москва» шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Руссия Лия Проскряноваи 22 соларо дастгир карданд, ки ба интиқоли ғайриқонунии маводи нашъадор гумонбар шуда буд. Ҳангоми аз назар гузаронидани сумкаи варзишии номбурда, ки дар дохилаш бодом ва ғулинг дошт миқдори 4 кг 214,2 гр «героин» пинҳон карда буд ёфт шуд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти гумрукӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, нисбати Лия Проскрянова парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, барои тафтишот ба прокуратураи нақлиёти ҷумҳурӣ фиристода шуд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






