ГУЗОРИШИ МУФАССАЛ АЗ ҶАРАЁНИ САФАРИ РАСМИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ХОРВАТИЯ СТЕПАН МЕСИЧ
Субҳи имрӯз сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Хорватия Степан Месич ба Тоҷикистон идома ёфт. Барномаи имрӯзаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Хорватия Степан Месич бо маросими истиқболи расмии ӯ дар назди Қасри Миллат оғоз шуд. Ба ифтихори ташрифи расмии меҳмони олимақом дар ин ҷо парчамҳои давлатии Тоҷикистону Хорватия афрохта шуда, Горди фахрии Тоҷикистон ва оркестри асбобҳои нафасӣ саф ороста буданд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Хорватия Степан Месичро истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд. Тибқи муқаррароти сафарҳои расмӣ фармондеҳи Горди фахрӣ ба меҳмони олимақом гузориш дод ва сурудҳои миллии ҳарду кишвар садо доданд. Баъд аз он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Хорватия Степан Месич аз назди ҷузъҳои Горди фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт карданд. Президенти Ҷумҳурии Хорватия Степан Месич ҷониби Парчами давлатии Тоҷикистон эҳтиром ба ҷо овард. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Хорватия Степан Месич бо ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб аз наздик шинос шуданд. Дар маросими расмии истиқболи Президенти Ҷумҳурии Хорватия Степан Месич ҳамчунин корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон иштирок намуд. Расми гузашти низомии ҷузъу томҳои Горди фахрии Тоҷикистон аз назди Сарони ду давлат анҷомбахши маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Хорватия шуд. Баъди анҷоми маросими истиқболи расмӣ дар ҳамин бино нахуст мулоқоти хосаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Хорватия Степан Месич баргузор гашт. Масоили ташкил ва густариши ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Хорватия нахуст дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо сипас дар музокироти сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳарду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт. «Тоҷикистон Хорватияро чун яке аз шарикони муҳими худ дар қитъаи Аврупо меҳисобад ва мо тамоми чораҳоро хоҳем андешид, ки аз имкониятҳои ҳамкорӣ пурра истифода барем, ба хусус дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир ба хотири таъмини амнияту субот ва пешрафт», — изҳор дошт Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Сарони ду давлат аз муколамаҳои роҳбарияти сатҳи олии ду кишвар, ки солҳои ахир пайваста сурат мегиранд, изҳори қаноатмандӣ карда, эҷоди заминаи ҳуқуқии ҳамкории иқтисодӣ ва таъсис додану фаъол намудани сохторҳои дахлдори миёни ду кишвар, аз ҷумла комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ, илмӣ ва фарҳангӣ, ниҳодҳои ҳамоҳангсози фаъолияти субъектҳои гуногун, ҳамчунин созмондиҳии намоишгоҳҳо, фестивалҳо, рӯзҳои фарҳангӣ ва ташвиқи ҳамкории мустақими миёни ниҳодҳоро зарур шумурданд. Соҳаҳои гидроэнергетика, кишоварзӣ, саноати сабук, кимиё ва кӯҳӣ, сохтмони манзил ва инфрасохтори туризм ва ғайра аз самтҳои судбахши ҳамкории иқтисодӣ арзёбӣ гардид. Пайваста гузарондани машваратҳои сиёсӣ оид ба ҳамкории судманд дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ?амкорӣ дар Аврупо ва муассисаҳои иқтисодию молиявии байналмилалӣ низ муҳим дониста шуд. Президенти Ҷумҳурии Хорватия Степан Месич Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро даъват намуд, ки ба Хорватия сафари ҷавобии расмӣ анҷом диҳад. Даъват бо сипосгузорӣ пазируфта шуд.Баъди анҷоми мулоқотҳои расмӣ бо иштирок ва дар ҳузури сарони давлатҳои Тоҷикистону Хорватия — Эмомалӣ Раҳмон ва Степан Месич се санади ҳамкорӣ ба имзо расид. Зери Эъломияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Хорватия оид ба густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ сарони ду давлат — Эмомалӣ Раҳмон ва Степан Месич имзо гузоштанд. Ду санади дигар Протоколи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамгироии аврупоии Ҷумҳурии Хорватия ва Ёддошти тафоҳум миёни палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва палати савдои Хорватия буд. Сипас сарони давлатҳои Тоҷикистону Хорватия — Эмомалӣ Раҳмон ва Степан Месич дар назди хабарнигорон изҳороти матбуотӣ баён намуда, аз натиҷаҳои мулоқотҳои расмӣ ва дурнамои ҳамкории ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Суратгузориш аз ҷараёни баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар Қазоқистон
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳро дастоварди навбатии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






