ХОҶАГИҲОИ ЁРИРАСОН ЗАРУРАНД
Бадахшон, 8 май. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо).- Ташкили хоҷагиҳои ёрирасон имрӯз тақозои вақт аст, зеро саҳми онҳо дар таъмини амнияти озуқаворӣ беандоза мебошад. Дар ВМКБ солҳои охир идороту муассисот, ташкилоту корхонаҳо ва соҳибкорони алоҳида дар ин самт корҳои муайянеро сомон доданд. Тавре аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят хабар доданд, тӯли 2 соли охир Раёсати кишоварзӣ, хоҷагии об, Кумитаи муҳити зист, ҷамъияти саҳҳомии «Телеком», муассиаи «Тоҷиклизинг», Идораи «Помирнақлиёт», «Ташкилоти вилоятии Салиби сурх» доир ба парвариши картошкаю сабзавот, асалпарварию паррандапарварӣ хоҷагиҳои ёрирасонро ташкил додаанд. Идороту муассисоти номбурда ба маҳсулоти хоҷагиҳои ёрирасон на танҳо коргаронашонро таъмин менамоянд, балки ба бозор низ мебароранд. Соҳибкорон Насриддин Сабзалиев ва Айдибеки Бекмуродӣ дар ноҳияи Мурғоб беш аз ҳазор қутос доранд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






