ИҶЛОСИЯИ НАВБАТИИ АССАМБЛЕЯИ ҶАҲОНИИ ТАНДУРУСТӢ
Душанбе, 26 май. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Дар Қасри Миллатҳои Женева иҷлосияи 62 — юми Ассамблеяи ҷаҳонии тандурустӣ дар мавзӯи «Таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба соҳаи тандурустӣ» давом дорад. Иштирокчиёни иҷлосия масъалаҳои марбут ба таъсири бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодию молиявӣ ба соҳаи тандурустӣ, беҳтар намудани сифати кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, дастгирии соҳаҳои муҳимтарини тандурустӣ, дастраси ҳамагон гардонидани дастовардҳои беҳтарини соҳа ва ғайраро муҳокима мекунанд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар иҷлосия ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири тандурустӣ Нусратулло Салимов иштирок дорад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






