ИХТИСОРОТИ БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ БА МАОШ ДАХЛ НАДОРАД

Май 4, 2009 13:12

              Душанбе, 4 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар асоси ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009» буҷети мамлакат барои соли равон ба маблағи 459 миллион сомонӣ кам карда шуд.             Дар Вазорати молияи ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфтанд, ки ин масъаларо дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи 5-уми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ вазири молияи мамлакат Сафаралӣ Наҷмиддинов шарҳ дода гуфт, ки сабаби коҳиш додани буҷети давлатӣ ин пеш аз ҳама шиддатёбии бӯҳрони молиявӣ аст, ки он ба кишвари мо низ таъсири худро расонида истодааст.             Мавриди зикр аст, ки маблағҳои ихтисор карда, асосан ба соҳаи сохтмон, иншооте, ки сохтмонашон чандон муҳим нест, таъмиру таҷдиди биноҳои вазорату идораҳо, муассисаҳо ва сафарҳои хизматӣ ҷудо гардида буданд, дахл дорад. Он ба маоши кормандони бахшҳои гуногуни кишвар таъсир нахоҳад гузошт.               Бояд тазаккур дод, ки буҷети ҷории давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009 беш аз 4,3 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ки қисмати бештари он барои рушди соҳаҳои иҷтимоии мамлакат нигаронида шудааст.

Май 4, 2009 13:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад