ИМЗОИ МЕМОРАНДУМИ ҲАМКОРӢ

Май 18, 2009 15:34

                        Душанбе, 18 май. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Сафари ноиби Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон, раиси Шӯрои ҷавонони ин мамлакат Ҳоҷӣ Алии Акбарӣ дар Тоҷикистон давом дорад. Аз Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки меҳмонони эронӣ 17 май дар маросими ақди никоҳи 50 писару духтар ширкат варзида, баъд осорхона ва масҷиди шайх Муслиҳиддинро дар шаҳри Хуҷанд зиёрат карданд.                      18 май мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ҳоҷи Алии Акбарӣ баргузор гардад.                       Сипас ҳайати Эрон ба тамошои Қалъаи Ҳисор рафт. Баъди чошт раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва саёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон Маликшо Неъматов бо ноиби Президенти Эрон мулоқот хоҳад кард. Ҳоҷӣ Алии Акбарӣ баъдан дар Коҳи Ваҳдат бо олимону аспирантҳо ва донишҷӯёни мактабҳои олӣ мулоқот анҷом хоҳад дод.  

Май 18, 2009 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид