ИНШООТИ ҶАШНӢ НУҚСОНДОР СОХТА ШУДАНД

Май 29, 2009 11:36

                        Душанбе, 29 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Вобаста ба ҷашни 2700 — солагии шаҳри бостонии Кӯлоб беш аз 150 иншооти хурду бузург сохта шуд. Аммо чунон ки мушоҳида гардид, даҳҳо биноҳои ҷашнӣ саросемавор ва бо нуқсҳои зиёд сохта ба истифода дода шуданд. Бо гузашти на чандон вақти зиёд ин камбудиҳо ошкор гардиданд.                        Бино ба гуфти директори Осорхонаи шаҳр Ҳотам Асозода, бинои Осорхона бо харҷи 5 млн. сомонӣ сохта ба истифода дода шудааст, аммо чунон ки маълум шуд камбудиҳои сохтмонӣ зиёд буда, барои бартараф кардани он соли ҷорӣ боз 2 млн. сомонӣ ҷудо карда шудааст.                        -Дар бораи камбудиҳо ба директори Маркази ҳамоҳангсозии Лоиҳа Раҳмоналӣ Ҳотамов аз тарафи директории Осорхона ду мактуби шикоятӣ ирсол гардидааст, ки бояд ислоҳи худро пайдо кунад.

Май 29, 2009 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар