ИСТЕҲСОЛИ БАРҚ ДАР ЯК РӮЗ БА 50 МЛН.кВт СОАТ РАСИД

Май 14, 2009 10:28

                     Душанбе, 14 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз ширкати холдинги «Барқи тоҷик» иттилоъ доданд, ки истеҳсоли якрӯзаи барқи ҷумҳурӣ беш аз 50 млн. кВт соатро ташкил медиҳад.                   Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 -уми май ба баргардонидани барқи тибқи қаpордод аз ҷумҳуриҳои Туркманистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон гирифтааш оғоз кард.                     Ёдовар мешавем, ки дар давоми моҳҳои ноябр-апрели солҳои 2008-2009 аз Ҷумҳурии Туркманистон беш аз 1 млрд. кВт соат нерӯи барқ ба Тоҷикистон ворид карда шудааст. Аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар давоми моҳҳои феврал- апрели соли 2009 ба Тоҷикистон ҳамагӣ 251 млн. кВт соат нерӯи барқ ворид гардид, ки он нисбат ба шартнома 50 млн. кВт соат камтар аст.                       Аз 1-уми май сар карда аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қазоқистон дар як шабонарӯз интиқоли 5 млн. кВт соат ба роҳ монда шудааст. Қарзи Тоҷикистон аз Қазоқистон ҳамагӣ 88 млн. кВт соатро ташкил медиҳад.

Май 14, 2009 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд