ИСТИРОҲАТГОҲИ БАЙНАЛХАЛҚИИ РОҲБАРОНИ ҶАВОН КУШОДА ШУД
Душанбе, 13 май. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Бо ташаббуси Вазорати маорифи Ҷумҳурии Белорусия ва Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии мамлакатҳои ИДМ мувофиқи карори Шӯрои кор бо ҷавонони давлатҳои аъзои Иттиҳод аз 11 май то 19 июн дар заминаи истироҳатгоҳи миллии тобистонаи «Зубрёнок» — и Ҷумҳурии Белорусия истироҳатгоҳи байналмилалии тобистонаи роҳбарони ҷавон кушода шуд. Аз дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки ҳадафи ташкили истироҳатгоҳи мазкур ба роҳ андохтани равобиту ҳамкории байналхалқии ҷавонон, вусъат додани дониши ҷавонон дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон дар мамлакатҳои ИДМ, мустаҳкам сохтани муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва васеътар намудани тасаввуроти ҷавонон дар бораи давлатҳои ИДМ мебошад. Дар фаъолияти истироҳатгоҳ намояндагони созмонҳои ҷавонони Озарбойҷон, Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон ширкат меварзанд. Даври аввали фаъолияти истироҳатгоҳ аз 11 то 28 май ва даври дуюми фаъолияти он аз 2 то 19 июн давом мекунад. Намояндагони ин мамлакатҳо зимни истироҳат дар Белорусия бо роҳбарони Кумитаи иҷроияи ИДМ, намояндагони созмонҳои миллӣ ва давлатии мамлакатҳои ИДМ, олимон ва сиёсатмадорон мулоқот хоҳанд кард.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






