КӮМАКИ ФОНДИ АБӮ-ЗАБӢ БА ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ 18 май зимни сафар ба Арабистони Саудӣ дар шаҳри Дубайи Аморатҳои Муттаҳидаи Араб таваққуф намуд. Вай дар ин ҷо бо намояндагони Фонди рушди Абӯ — Забӣ, роҳбари фонди мазкур Муҳаммад Ассувайди ва генерал — лейтенант, директори генералии масъалаҳои ҳамлу нақли мол дар ҳукумати Абӯ — Забӣ Фарос Алмазворӣ мулоқот кард. Ҳ.Зарифӣ зимни сӯҳбат аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фонди рушди Абӯ — Забӣ барои ҷудо кардани маблағ ҷиҳати сохтмони роҳҳо дар Тоҷикистон ба воситаи Бонки рушди исломӣ изҳори сипос намуда, муроҷиати хатии Ҳукумати Тоҷикистонро дар масъалаи расондани кӯмак дар бартараф сохтани оқибати фалокатҳои табиӣ ба мизбонон супорид. Ҳамрохон Зарифӣ, инчунин, бо супориши Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон масъалаи сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ дар Тоҷикистон ва аҳамияти онҳоро барои мамлакатҳои минтақа мавриди баррасӣ қарор дод. Сипас дар бораи ҳамоҳанг сохтани маблағгузорӣ барои иҷрои барномаҳои сохтмони хатҳои баландшиддати интиқоли барқ ба мамлакатҳои дигари минтақа аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки рушди Осиё хабар дода шуд. Мусоҳибон ба ин масъала диққати махсус зоҳир намуда, изҳор доштанд, ки фонди Абӯ — Забӣ ба гузоштани маблағ барои сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ дар Тоҷикистон манфиатдор мебошад. Зимни сӯҳбат паймон карда шуд, ки ҳайати фонд 20 май барои гузаронидани гуфтушунид бо вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон дар масъалаи иштирок ва сармоягузорӣ дар сохтмони нерӯгоҳҳои хурду бузурги барқӣ ба Душанбе ташриф хоҳад овард.








Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест
Дар Бохтар бахшида ба қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ аксияи ҳизбии «Тақдими варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон» баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Суратгузориш аз ҷараёни баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар Қазоқистон






