К. МАТСУУРА: «САРАЗМ Ё БОҒИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН БА ФЕҲРАСТИ ЮНЕСКО ДОХИЛ ХОҲАД

Май 5, 2009 14:30

               Душанбе, 5 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). —         Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии ЮНЕСКО Коичиро Матсуураро ба ҳузур пазируфт. Пас аз анҷоми мулоқот бо Сарвари давлати Тоҷикистон Коичиро Матсуура андешаҳояшро ба хабарнигорон баён дошта, зикр намуд, ки: «Ман бо      Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як мулоқоти хеле пурмӯҳтаво ва созанда доштам, ки аз оғози марҳилаи ҳамкориҳо, аз моҳи ноябри соли 2002, ҳаштумин мулоқот аст. Аввалин мулоқоти мо, ки моҳи ноябри соли 2002 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, мулоқоти таърихӣ ба шумор рафта, дар равобити муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Юнеско саҳифаҳои тозаро боз намуд. Бахусус, дар ин давра як чанд лоиҳа ва чорабиниҳои махсус ва муҳим аз ҷониби ЮНЕСКО дар Тоҷикистон амалӣ гаштанд. Яке аз ин чорабиниҳои муҳим ин сафари Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Котиботи ЮНЕСКО ҷиҳати иштирок дар баргузории Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар ЮНЕСКО моҳи октябри соли 2005 мебошад».                Ӯ афзуд, ки дар рафти мулоқот мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи он иқдомҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус таъин намудани сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия ва намояндаи доимии Тоҷикистон дар ЮНЕСКО-ро махсус қайд кард. Инчунин, ҷаноби Президент ба иттилои ман расонид, ки соли 2010 дар пойтахти Фаронса — шаҳри Париж Тоҷикистон Сафорати худро ифтитоҳ хоҳад кард, ки ин иқдом аз ҷониби мо низ бисёр хуш пазируфта шуд.                 «Ман аз иқдомҳои Сарвари давлати Тоҷикистон нисбат ба ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО изҳори сипос карда, зикр намудам, ки ЮНЕСКО қарор қабул кардааст, ки намояндагии доимии худро дар Тоҷикистон ифтитоҳ намояд, то ки ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ин бахши СММ ҳарчӣ бештар назаррас гардад», — идома дод Коичиро Матсуура.                 Котиби генералии ЮНЕСКО тазаккур дод, ки дар Тоҷикистон якчанд лоиҳаҳои муҳим амалӣ гардиданд, ки яке аз онҳо дохил намудани шашмақом ба феҳрасти ягонаи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО мебошад. Самти муҳими дигари ҳамкории мо дар бахши мамнӯъгоҳи таърихии «Аҷинатеппа» мебошад ва ман ба Президент Эмомалӣ Раҳмон гуфтам, ки ЮНЕСКО бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори дохил намудани ёдгориҳои аҳамияти ҷаҳонидошта ба феҳрасти ягонаи ёдгориҳои ҷаҳонии ЮНЕСКО ҳамкории зич хоҳад дошт.                 Мавриди зикр аст, ки то имрӯз мамнӯъгоҳи бостонии Саразм ва Боғи миллии Тоҷикистон ба ин феҳраст пешниҳод шудаанд ва инҳо ҷиҳати бозомӯзии коршиносони комиссияи ЮНЕСКО қарор дорад ва ин комиссия соли оянда қаори ниҳоии худро қабул хоҳад кард. «Ман ба ҷаноби Президент иброз намудам, ки соли оянда яке аз ин ёдгориҳои Тоҷикистон ба феҳрасти ягонаи ЮНЕСКО ворид карда мешавад».                  Гуфтанист, ки инчунин, татбиқи лоиҳаҳо дар самти оби мусаффои нӯшокӣ дар меҳвари муҳокимаи мо қарор дошт ва ман нақш ва сатҳи эътирофшудаи Президенти Тоҷикистонро оид ба ин масъала дар сатҳи байналмилалӣ иброз доштам.                 Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ман иттилоъ дод, ки соли оянда дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба натиҷагирӣ аз нимаи якуми даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт» доир мегардад.                   Котиби генарии ЮНЕСКО Коичиро Матсуура дар фарҷом гуфт, ки ӯ дар доираи ин сафараш ба Тоҷикистон ният дорад, ки аз шаҳри бостонии Кӯлоб, ки якчанд сол қабл 2700 — солагии он қайд карда шуд, дидан кунад.

Май 5, 2009 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд