КДАМ ДАР МУБОРИЗА БО ҚОЧОҚИ НАШЪА САҲМИ БОСАЗО МЕГУЗОРАД
Душанбе, 20 май. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Афзоиши қочоқи маводи нашъадор ва хариду фурӯши ғайриқонунии он мисли пештара барои амнияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хавфи ҷиддӣ дорад. Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ маълумот ба даст овардааст, ки гурӯҳҳои ҷинояткори қочоқчии нашъа фаъолияти зидди қонунии худро дар бобати интиқоли маводи нашъадор, ғайриқонунӣ гузаштани сарҳади давлатӣ, ба қочоқи нашъа ҷалб кардани шаҳвандони хориҷӣ ба воситаи «роҳи балкан» то рафт бештар ривоҷ медиҳанд. Мақомоти амнияти давлатии Тоҷикистон аз аввали соли ҷорӣ то имрӯз 380 кг маводи нашъадорро мусодира намуданд. Дар ин муддат дар минтақаи сарҳадӣ бо дастаи қочоқчиёни муссалаҳ се задухӯрд сурат гирифт. Мувофиқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 май то 30 ноябр дар қаламрави мамлакат амалиёти «Кӯкнор- 2009» гузаронида мешавад. Бо ин мақсад дар назди Агентии назорати маводи нашаъовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ситоди зудамал ташкил карда шудааст. Мақомоти амнияти миллӣ ва марзбонон дар доираи ин амалиёт ҳамроҳи дигар сохторҳои муҳофизи қонуну тартибот барои тақвияти муҳофизати сарҳади давлатӣ, аз ҷумла дар роҳҳои асосии интиқоли маводи нашъадор тадбирҳои иловагӣ андешиданд. Фаъолити онҳо дар бобати ошкор сохтану қатъ намудани ҳодисаҳои қочоқи маводи нашъадор ва шахсоне, ки ба ин ҷиноятҳо шарик мешаванд, пурзӯр мегардад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






