КИТОБИ НАВ ДАР БОРАИ ПАЙҒАМБАР
Душанбе, 30 май. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Нашриёти «Шарқи озод» китоби нави Владимир Соловев бахшида ба ҷашни Имоми Аъзам бо номи «Муҳаммад. Тарзи зиндагӣ ва омӯзиши дин» пешкаши хонандагон намуд. Китоб аз 28 боб иборат буда, дар бораи давраҳои ҷавонии Муҳаммад ва даъватҳои динии ӯ, таъсири мазҳаби ҳанафия, супоришҳои Муҳаммад ба шогирдону пайравонаш, моҳияти дини ислом, муносибати ислом бо динҳои дигар, нуқтаи назари Муҳаммад ба рӯйдодҳои ҷомеа, таълимоти Қуръон дар бораи тақдири одам, озодии имон ташвиқу тарғиби ғояҳои инсонпарварӣ, моҳияти марг аз нуқтаи назари Муҳаммад ва ғайра нақл мекунад. Асарро олими диншиноси тоҷик Иброҳим Умарзода ба чоп тайёр намудааст. Асар бо теъдоди 1000 нусха чоп карда барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ карда мешавад.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






