КОБУЛ ДАР МУБОРИЗА БА МУҚОБИЛИ МАФИЯИ НАШЪА АЗ РУСИЯ ХОСТГОРИ КӮМАК ШУД
Маскав, 18 май. (АМИТ «Ховар» — Вести. ру). — Ноиби Президенти Афғонистон Карим Халилӣ, ки дар Маскав мусофират дорад, аз Русия хоҳиш намуд, ки ба мамлакаташ дар мубориза ба муқобили мафияи маводи нашъадор кӯмак расонад. К.Халилӣ дар ин бора дар маҷлиси гурӯҳи кории Кумитаи давлатии зидди маводи нашъадори Федератсияи Русия сухан ронд. Мубориза ба муқобили мафияи нашъа муттаҳид сохтани ҷидду ҷаҳди ҳамаи мамлакатҳоро талаб менамояд. Бинобар ин мо Русияро даъват менамоем, ки ба мо дар мубориза ба муқобили ин зуҳуроти номатлуб кӯмак расонад, гуфт Карим Халилӣ. Созмони Милали Муттаҳид соли 2007 Афғонистонро манбаи калонтарини маводи нашъадори ҷаҳон номида буд. Ба қавли К.Халилӣ, Русия бо муносибатҳои ҷиддӣ ва тадбирҳои қатъии худ дар мубориза ба муқобили паҳн намудани маводи нашъадор маълуму машҳур мебошад. Ноиби Президенти Афғонистон ба директори хадамоти федералии назорати маводи нашъадори Русия барои кӯмаку мусоидаташ ба таълиму тарбияи кормандони политсияи Афғонистон изҳори сипос намуд. Қайд карда шуд, ки дар мамлакат ҳамроҳи ҳамаи созмону мамлакатҳои манфиатдор, аз чумла Русия мубориза ба муқобили мафияи нашъа пурзӯр карда мешавад. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки зимни сафари охирини вазири корҳои хориҷии Русия ба Афғонистон созишномаи байниҳукуматии тақвияти мубориза ба муқобили маводи нашъадор имзо карда шуд. Раиси Думаи давлатӣ Борис Гризлов дар бораи имконияти ҳамкории низомиёни НАТО бо мафияи нашъаи Афғонистон сухан ронд. Вай зикр намуд, аксҳои аз фаро гирифташуда нишон медиҳанд, ки масоҳати кӯкнорзор дар қаламрави Афғонистон сол то сол васеътар мегардад. Ҳоло дар ин ҷо дар давоми сол 7,7 ҳазор тонна маводи нашъадор, аз ҷумла, героин истеҳсол карда мешавад. Ин ҷо саволе ба миён меояд, ки ИМА ва НАТО дар Афғонистон ба чӣ кор машғуланд? Гуфтан мумкин аст, ки онҳо ба муқобили истеҳсоли маводи нашъадор мубориза набурда, балки ҷараёни парваришу истеҳсоли онро назорат мекунанд, зикр кард Б.Гризлов. Раиси Думаи давлатӣ ба нақши СААД дар мубориза ба муқобили интиқоли маводи нашъадор аз Афғонистон баҳои баланд дод. Вале ба қавли роҳбари раёсати масъалаҳои парлумонии ВКХ Афғонистон Барёлай Собир, аз 34 вилояти мамлакат дар 20 вилоят парвариши кӯкнор қатъ карда шудааст.








Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад






