КОМЁБИИ ПАРАШЮТЧИЁНИ ТОҶИК ДАР ОЗАРБОЙҶОН

Май 12, 2009 18:05

                    Душанбе, 12 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Чанд рӯз пеш дар Ҷумҳурии Озарбойҷон бахшида ба 86- солагии рӯзи таваллуди нахустин президенти ин мамлакат Ҳайдар Алиев мусобиқаи байналхалқии парашютбозон баргузор гардид. Дар он парашютчиёни Бошгоҳҳои варзишии созмонҳои мададгори мудофиаи Озарбойҷон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Белоруссия ва Федератсияи Россия ширкат варзиданд.                    Дар маросими ботантанаи кушодашавии мусобиқа намояндагони маъмурияти президенти ҷумҳурии Озарбойҷон, вазорату идораҳо, кормандони созмонҳои мудофиавии ИДМ, курсантҳои муассисаҳои таълимии Озарбойҷон ва сокинони шаҳри Боку иштирок намуданд.                  Аз рӯи ҳисоби умумӣ ҷойи аввалро варзишгарони Ҷумҳурии Белоруссия, ҷойи дуюмро варзишгарони Федератсияи Россия ва ҷойи сеюмро дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиб гардид.                 Варзишгари Бошгоҳи ҷумҳуриявии ҳавопаймоии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Олга Балина аз рӯи ҳисоби шахсӣ ҷойи дуюмро ишғол кард.                 Ба ифтихори дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқаи мӯътабари варзишӣ парчами ҷумҳурии мо барафрохта шуда, суруди миллии мамлакатамон садо дод.                Олга Балина зимни сӯҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки мусобиқаи парашютчиён баъди барҳам хурдани ИҶШС дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бори аввал гузаронида шуд. Мусобиқа нишон дод, ки анъанаҳои неки варзиши замони шӯравӣ дар Тоҷикистон аз байн нарафтаанд ва давом дода мешаванд. Дар Тоҷикистон барои беҳтар сохтани вазъияти варзиши парашютбозон тадбирҳои муҳим андешида мешаванд. Ташкилоти мададгори мудофиаи ҷумҳурии мо чанде пеш барои гузаронидани машқҳо ду ҳавопаймои сабуки У-2 харидорӣ намуд. Ин ҳавопаймоҳо ҳоло дар пойгоҳи варзишии «Фахробод» истифода карда мешаванд.               Мо дар ин ҷо машқ карда, маҳорати худро такмил медиҳем. Солҳои охир шумораи ҷавонони маҳаллӣ , хусусан духтарон дар ин ҷо торафт зиёд мегардад.              Олга Балина изҳори таассуф намуд, ки дар мусобиқа варзишгарони ҳамаи мамлакатҳои ИДМ иштирок накарданд. Мусобиқа минбаъд ҳар сол гузаронда мешавад. Ман боварӣ дорам, ки варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои оянда ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро ишғол хоҳанд кард,- иброз дошт дар хотима Олга Балина.

Май 12, 2009 18:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд