КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БАХШИДА БА ИМОМИ АЪЗАМ
Хуҷанд, 29 май. (АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов, Самад Юсуфӣ).- Дар толори Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд конфронси байналмилалии «Муколамаи фарҳангҳо: Ҷойгоҳи Имоми Аъзам дар фарҳанги ислом ва ҷаҳон» давом дорад, ки, ба 1310-солагии фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, асосгузори мазҳаби ҳанафия Имоми Аъзам Абуҳанифа Нӯъмон ибни Собит бахшида шудааст. Дар конфронс намояндагони бисёр мамлакатҳои хориҷӣ, олимон, файласуфон ва ховаршиносон иштирок доранд. Конфронсро ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирҷон Салимов кушода, меҳмононро хайра мақдам гуфт. Муовини Раиси вилоят Мавҷуда Бобоева номаи шодбоши раиси вилояти Суғд Коҳир Расулзодаро ба унвони иштирокчиёни конфронс қироат намуд. Корманди Ройзании фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадҳусайни Ардуш, олими маъруфи эронӣ Масъуди Ансорӣ олим ва адабиётшиноси Русия Алфина Сибгатулина, олими ҳинд Қамар Ғаффор ва намояндаи Тоҷикистон, адабиётшинос М. Муллоаҳмадов ва дигарон дар мавзӯъҳои гуногуни марбут ба ҳаёту эҷодиёт ва маълумоти динию фалсафии Имоми Аъзам маърӯзаҳо хонданд. Бо ҳамин бахши аввали конфронс хотима ёфт. Сипас маҳфилҳои алоҳидаи конфронс дар мавзӯъҳои «Мероси Имоми Аъзам густурдаи забон, адаб ва фарҳанг» дар маҷлисгоҳи факултаи филологияи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров таҳти раёсати Масъуди Ансорӣ (Эрон), Қамар Ғаффор (Ҳиндустон), Абдуманнон Насриддинов (Тоҷикистон) ва дар толори хурди донишгоҳ таҳти раёсати Абдунабӣ Сатторзода, Қурбон Восеъ ва Мӯътабар Оқилова (Тоҷикистон) дар мавзӯи «Нақши Имоми Аъзам дар рушди фарҳанги исломӣ» баргузор гардид. Бегоҳии имрӯз бахши бадеӣ-фарҳангии конфронс дар боғи Хуррамшаҳри ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров идома меёбад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






