КОНФРОНСИ ИЛМӢ-НАЗАРИИ ҶУМҲУРИЯВӢ
Душанбе, 28 май. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина).-30 май дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С. Айнӣ конференсияи илмӣ-назарии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Проблемаҳои назарияи баробариҳои диференсиалӣ, таҳлили математикӣ ва истифодаи онҳо» баргузор мегардад. Ин конфронс ба 70-солагии профессори ҳамин донишгоҳ корманди шоистаи маорифи Тоҷикистон, Эргаш Рӯзметов бахшида мешавад.Эргаш Рӯзметов аз соли 1971 то соли 1976 мудири шӯъбаи илм ва нашри ВМ ҶТ, аз соли 1977 то соли 1987 сарвари факултаи физика-математика ва аз соли 1987 то охирин рӯзҳои худ проректори донишгоҳи омӯзгорӣ шуда кор мекард. Дар ин солҳо ӯ зиёда аз 80 асару мақолаҳои илмӣ ва илмӣ- методӣ таълиф намуд. Ба қалами ӯ инчунин ду китоби дарсӣ «Курси мухтасари таҳлилӣ математикӣ» ба қалами ӯ таалуқ доранд.Фаъолияти қариб 40 солаи Э. Рӯзметов бо медали идонаи 100-солагии В.И. Ленин, «Аълочии маорифи халқи ҶТ» ва соли 1995 бо унвони «Корманди шоистаи маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон» мукофотонида шуда буд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






