КОРҲОИ СИЁСӢ -ТАРБИЯВӢ СУСТ БА РОҲ МОНДА ШУДААСТ

Май 15, 2009 12:31

                       Душанбе, 15 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар ноҳияи Восеъ аскари қаторӣ Абдухолиқ Ҳошимов худкушӣ кард. Дар ин бора муовини прокурори ҳарбии минтақаи Кӯлоб Суламон Сиддиқов итилоъ додааст.                      Ба иттилои манбаъ, худкушӣ ду ҷанбаъ; мушкилоти оилавӣ ва иллати дигари он меҳтарсолорӣ (дедовшина) мебошад, ки дар дигар қисмҳои низомӣ низ мушоҳида мешавад.                       Бино ба гуфти Сулаймон Сиддиқов, соли ҷорӣ дар мавриди бадрафториҳо дар сафҳои артиш се парвандаи ҷиноӣ кушода шуда тафтишот идома дорад.                        Парвандаҳои ҷиноии нисбати хизматчиён кушодашуда бозгӯи онанд, ки корҳои тарбиявӣ- сиёсӣ дар байни хизматчиён мувофиқи низомномаҳои хизматӣ ба роҳ монда нашудааст.

Май 15, 2009 12:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид