КОРХОНАҲОИ НАВ БА КОР САР КАРДАНД
Қӯрғонтеппа, 5 май. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). — Дар шаҳри Сарбанд якбора се корхонаи нав ба кор шурӯъ намуд. Ин имкон дод, ки истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ бештар карда, теъдоди зиёди одамон бо кор таъмин карда шаванд. Яке аз ин корхонаҳо корхонаи ордкашӣ мебошад. Корхона дар давраи аввал ҳар шабонарӯз 80 — 90 тонна орд истеҳсол мекунад. Айни ҳол дар ин ҷо 30 нафар кор карда, ба ҳисоби миёна 300 сомонӣ маош мегиранд. Ояндаи наздик баъди ба кор даромадани коргоҳҳои иловагӣ боз 30 нафари дигар ба кор ҷалб карда мешавад. Дар корхонаи нави истеҳсоли регу шағал 16 нафар ба кор қабул карда шуд. Корхона айни ҳол ҳар рӯз то 200 тонна регу шағал истеҳсол мекунад. Бинои нави хизмати маишӣ дар даромадгоҳи шаҳри Сарбанд қомат афрохт. Рӯзи аввал дар ин ҷо 10 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷои кор гардид. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки рӯзҳои наздик ба корхона 30 нафари дигар ба кор қабул карда мешавад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






