МӮҲЛАТИ БА ҚАЙДГИРӢ 5 РӮЗ МУҚАРРАР ШУД
Душанбе, 18 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Порлумони кишвар қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба қайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ»-ро қабул кард. Бино ба иттилои раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Нусратулло Давлатов, аз баски қонуни нав таҳия намудани чандин ҳуҷҷатҳои навро тақозо дорад, соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқиро зарур аст, ки дар давоми як сол аз қайд гузаранд. Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, соҳибкорони инфиродие, ки то қабули қонуни мазкур ба қайд гирифта шудаанд аз супоридани боҷи давлатӣ озод мебошанд. Қонуни нав ба рушди фазои сармоягузорӣ шароит фароҳам меорад. Дар асоси қонуни нав мӯҳлати ба қайдгирии соҳибкорон аз 49 рӯз то 5 рӯз кам карда шуд, ки онро ба манфиати кор медонанд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






