МӮҲТАВОИ ПАЁМРО МЕФАҲМОНАНД

Май 8, 2009 18:48

                      Бадахшон, 8 май. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо).- Гурӯҳи кории Шӯрои Олӣ таҳти сарпарастии вакили мардумӣ Акрамшоҳ Феълалиев ба хотири тарғибу ташвиқи Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурӣ вориди Бадахшон гардид. Тавре Акрамшоҳ Феълалиев иброз дошт, гурӯҳи корӣ аҳолии вилоятро ба мазмуну моҳият ва ҳадафи Паёми Сарвари давлат шинос карда, фикру андешаҳои эшонро оиди ҳаллу фасли масоили гуногуни ҳаёти кӯҳистониён пурсон мешавад. Ба гуфти Акрамшоҳ Фелалиев, дар шаҳри Хоруғу навоҳии Шуғнону Роштқалъа аллакай чанд вохӯриро гузарониданд ва мардум Паёми Президенти мамлакатро дар рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт, илму фарҳанг чун як барномаи комили стратегӣ, арзёбӣ карда, изҳор намудаанд, ки дар ҳалли масоиле, ки Сардори давлат, дар Паёмаш ба миён гузоштааст саҳмгузор хоҳанд буд.                    Азбаски ВМКБ вилояти аграрист, Пешниҳоди Президент дар бобати истифодаи оқилонаи ҳар қитъа замин кӯҳдоманҳоро ҳамвор карда, коштани ғаллаю картошка, ташкили корхонаҳои хурди коркарди маҳсулоти кишоварзӣ аз тарафи мардум ҷонибдорӣ меёбад.

Май 8, 2009 18:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад