М. УБАЙДУЛЛОЕВ БА 310 НАФАР СОБИҚАДОРОНИ ҶБВ КӮМАКИПУЛӢРАСОНД

Май 8, 2009 18:27

                   Душанбе, 8 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар арафаи ҷашни Ғалаба -9 май бо қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ба 310 нафар иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба маблағи 350 сомонӣ кӯмакпулӣ расонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов иттилоъ дод.                    Ҳамзамон, бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани 64-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 9 май дар Боғи мемориалии «Ғалаба»-и пойтахт ҳамоиши ёдбуд баргузор гашта, дар он аъзои Ҳукумати ҷумҳурӣ, намояндагони парлумон, фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии пойтахт, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон иштирок менамоянд. Иштирокдорони ҳамоиш, ҳамчун рамзи эҳтиром ба мардонагӣ ва корнамоиҳои ҷовидонаи иштирокчиёни ҶБВ дар назди «Оташи абадӣ» гулчанбарҳо мегузоранд.

Май 8, 2009 18:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд