МАҶЛИСИ МУШТАРАК ДАР ОСТОНА
Маскав, 21 май. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Имрӯз дар шаҳри Остона маҷлиси навбатии шашуми муштараки Шӯрои ҳамкории гуманитарӣ ва Раёсати Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии давлатҳои ИДМ баргузор гардид. Иштирокчиёни маҷлис масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкории Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии давлатҳои ИДМ ва ЮНЕСКО, Кумитаи иҷроияи ИДМ ва Ҷомеаи иқтисодии Евразия, гузаронидани Соли ҷавонон ва ташкили фаъолияти Шӯро ва Раёсати бунёди мазкурро муҳокима намуданд. Рӯзномаи маҷлис, инчунин, баррасии ҷараёни иҷрои нақшаи тадбирҳои аввалиндараҷаро дар соҳаи ҳамкории гуманитарӣ барои солҳои 2009 — 2010 дар бар мегирад. Ҳуҷҷат гузаронидани ҷашнвораҳо, олимпиадаҳо, мулоқотҳо, конфронсҳо, намоишгоҳҳо, марафонҳои телевизионӣ, намоишгоҳҳои китоб ва ғайраро пешбинӣ мекунад. Инчунин, гузаронидани мулоқотҳои зиёиёни илмию эҷодкор, тарҷумонҳои мамлакатҳои ИДМ, тайёрӣ ба таҷлили 65 — солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ғайра ба нақша гирифта шудаанд.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






