МАҶЛИСИ НАВБАТИИ ГУРӮҲИ МУШТАРАКИ НАЗОРАТӢ

Май 12, 2009 14:19

                    Душанбе, 12 май. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Дар Душанбе маҷлиси навбатии 20 — уми Гурӯҳи муштараки назоратии ҳалли проблемаҳои сарҳад баргузор гардид. Дар он намояндагони сохторҳои низомӣ ва дипломатии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ширкат варзиданд.                   Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки маҷлиси мазкур ҳар сол ду маротиба фаслҳои баҳору тирамоҳ дар яке аз мамлакатҳои ҳамсарҳади Чин ва дар худи ин мамлакат гузаронида мешавад. Дар маҷлис масъалаҳои таъмини амният дар сарҳад ва ҷузъу томҳои низомии дар минтақаи сарҳад ҷойдодашуда баррасӣ карда мешаванд.                    Маҷлиси бистуми Гурӯҳи муштарак ба 10 — солагии таъсиси он рост омад ва дар фазои амалию судбахш, эҳтироми ҳамдигар ва ҳусни тафоҳум гузашт. Маҷлис таҳти раёсати намояндагии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар фарҷоми он қарорҳои дахлдор қабул шуданд.  

Май 12, 2009 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид