МАҶЛИСИ НАВБАТИИ КОМИССИЯИ БАЙНИДАВЛАТИИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДИЮ НИЗОМИИ СААД

Май 18, 2009 10:34

                            Маскав, 18 май. ( АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — 20 май дар шаҳри Минск маҷлиси навбатии шашуми Комиссияи байнидавлатии ҳамкории иқтисодию низомии мамлакатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор мегардад. Дар он ҷараёни мувофиқа сохтани пешниҳодот дар бораи таҳияи барномаи ҳамкории иқтисодӣ ва низомии мамлакатҳои аъзои созмон то соли 2015, Созишномаи принсипҳои умумии ташкили иттиҳодияҳои байнидавлатии илмию истеҳсолӣ барои тавлиди молҳои таъиноти ҳарбӣ, протоколи таъмини истифодаи муштараки техникию иттилоотии техника ва аслиҳаи ҳарбӣ дар давлатҳои аъзои созмон муҳокима карда мешаванд. Дар маҷлис, инчунин, масъалаи интихоби раиси комиссия, нақшаи кори он дар давоми солҳои 2009 — 2010 ва масъалаҳои дигари ташкилӣ баррасӣ карда мешаванд.                      Маҷлис таҳти раёсати муовини вазири саноат ва тиҷорати Федератсияи Русия, раиси комиссияи байнидавлатии ҳамкории иқтисодию низомии СААД И.Матеров баргузор мегардад. Дар он муншии умумии СААД Н.Бордюжа низ иштирок хоҳад кард.

Май 18, 2009 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа