МАҶЛИСИ НАВБАТИИ ШӮРОИ МУДИРОНИ БОНКИ РУШДИ ОСИЁ

Май 5, 2009 18:14

                Душанбе, 5 май. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Дар Индонезия маҷлиси ҳарсолаи 42 -юми Шӯрои мудирони Бонки рушди Осиё анҷом ёфт. Дар он бештар аз 3500 нафар, аз ҷумла, вазирони молияи мамлакатҳои Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором, роҳбарони муассисаҳои тиҷоратӣ, олимон, кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ, намояндагони созмонҳои байналхалқӣ ва иттиҳодияҳои шаҳрвандӣ иштирок намуданд. Ҳайати Тоҷикистон дар маҷлиси мазкур таҳти роҳбарии мушовири давлатии президент дар масъалаҳои сиёсати иқтисодӣ Матлубхон Давлатов ширкат варзид. Бояд гуфт, ки М.Давлатов мудири Бонки рушди Осиё дар Тоҷикистон мебошад. Ба ҳайат, инчунин, раиси Бонки миллии мамлакат Шариф Раҳимзода ва вазири мелиоратсия ва захираҳои об Саиди Ёқубзод шомил буданд.            Иштирокчиёни маҷлис дар давоми чор рӯз масъалаҳои марбут ба ёфтани роҳу усулҳои нави кам кардани сатҳи камбизоатӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодиро муҳокима карданд.

Май 5, 2009 18:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад