МАҶЛИСИ НАВБАТИИ УМУМИИ АССАМБЛЕЯИ БАЙНИПАРЛУМОНИИ ИДМ

Май 15, 2009 16:40

                       Душанбе, 15 май. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова). — 14 май ҳайати парлумонии Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Маҷлиси миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев дар маҷлиси 32 — юми Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ ширкат варзид. Дар маҷлиси мазкур ғайр аз ҳайатҳои парлумонии давлатҳои ИДМ, намояндагони ассамблеяҳои парлумонии САҲА, Созмони ҳамкории иқтисодии Баҳри Сиёҳ, Ассамблеяи парлумонии кишварҳои Осиё, Маҷлиси парлумонии Давлати иттифоқии Белорусия ва Русия, Конфедератсияи ҷаҳонии иттифоқҳои касаба, Суди иқтисодии ИДМ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил, котиботи Кумитаи ҳамгироӣ, Созмони байналхалқии муҳоҷират, Анҷумани байналмилалии пойтахтҳо ва шаҳрҳои бузург, Анҷумани байналмилалии соҳибкорон, парлумони Афғонистон ва созмонҳои дигари байналмилалӣ ширкат варзиданд.                        Иштирокчиёни маҷлиси ассамблея бо назардошти таъсири дигаргуниҳои сиёсию иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва идеологию маънавии замони ҳозира масъалаи таҳияи қонунҳои марбут ба сиёсати ҷавононро дар давлатҳои ИДМ баррасӣ намуданд.                       Намояндагони парлумонҳои давлатҳои ИДМ ва меҳмонони ассамблея ташвишу изтироби ҷавонон, созмонҳои байналхалқӣ, парлумонҳо, ҳукуматҳо, ҷунбишҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятиро вобаста ба таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ ба шароити зиндагӣ, саломатӣ ва рушди ҷавонон ба назар гирифта, аҳамият ва зарурати муттаҳид сохтани кӯшишҳо ва ҳамоҳанг сохтани тадбирҳоро дар бобати тартибу таҳияи қонунҳои марбут ба ҷавонон таъкид карданд.                     Мухбири АМИТ«Ховар» хабар медиҳад, ки дар маҷлиси мазкур нақшаи тайёрӣ ба ҷашни 65 — солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ муҳокима карда шуд.

Май 15, 2009 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид