МАҶЛИСИ ШӮРОИ АССАМБЛЕЯИ ПАРЛУМОНИИ СААД
Маскав, 13 май. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Имрӯз дар шаҳри Санкт — Петербург маҷлиси Шӯрои Ассамблеяи парлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ кушода мешавад. Дар он масъалаҳои марбут ба иҷрои қарорҳои маҷлиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии дар Маскав баргузоргардида, барномаи таъминоти ҳуқуқии нақшаи тадбирҳои асосии тавсеаи ҳамкории байни давлатҳо, такмил додани низоми амнияти дастаҷамъӣ дар доираи СААД дар давраи то соли 2010 ва низомномаи фаъолияти Ассамблеяи парлумонии СААД муҳокима карда мешаванд. Директори Хадамоти Федералии муҳоҷирати Русия, раиси Шӯрои ҳамоҳангсози роҳбарони ваколатдори мақомоти давлатҳои аъзои созмон К.Ромодановский роҷеъ ба вазъияти имрӯзаи муҳоҷирати коргарон дар мамлакатҳои аъзои созмон ҳисобот медиҳад. Инчунин таҷрибаи Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Белорусия дар бораи тасвиби ҳуҷҷатҳои байналхалқии дар доираи СААД қабулгардида ва натиҷаҳои фаъолияти ҳайатҳои парлумонии давлатҳои аъзои созмон дар ҷараёни маҷлисҳои зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА таҳлил карда мешаванд. Дар маҷлис масъалаи тайёрӣ ба ҷашни 65 — солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва таҷлили мулоқоти сеюми байналмилалии ташкилотҳои ҳарбӣ ва варзишии ҷавонон мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






