МАҶЛИСИ ШӮРОИ САРОНИ ҲУКУМАТҲОИ ИДМ ДАР ОСТОНА
Душанбе, 22 май. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Имрӯз дар пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон — шаҳри Остона маҷлиси навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил кушода шуд. Дар он Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов иштирок дорад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев қабл аз маҷлис бо сарони ҳайатҳо мулоқот кард.Маҷлиси Шӯро аввал дар ҳайати маҳдуд оғоз ёфт ва баъд бо иштироки ҳайатҳои мамлакатҳои Иттиҳод идома ёфт. Дар фарҷоми он имзои силсилаи ҳуҷҷатҳо пешбинӣ карда мешавад. Тавре хабар дода шуда буд, дар маҷлис 18 лоиҳаи ҳуҷҷатҳои муҳим баррасӣ карда мешаванд. Нақшаи тадбирҳои амалӣ сохтани даври аввали Барномаи стратегии рушди иқтисодии ИДМ дар давраи то соли 2020 яке аз масъалаҳои асосии рӯзномаи он мебошад. Хабар дода мешавад, ки маҷлиси Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ бегоҳии имрӯз анҷом хоҳад ёфт.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






