МАҶЛИСИ ШӮРОИ ТИҶОРАТӢ ДАР САФОРАТХОНАИ РУСИЯ

Май 29, 2009 14:10

                         Душанбе, 29 май. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Дар Сафоратхонаи Федератсияи Русия дар шаҳри Душанбе маҷлиси навбатии Шӯрои тиҷоратӣ баргузор гардид. Дар он роҳбарияти сафорат, намояндагии тиҷоратӣ, намояндагони ҷамъиятҳои саҳомии «Газпром зарубежнефтегаз», «НБО Сангтӯда — 1», «Таком», «Созандагӣ», «Сармоягузорӣ ва идора», «Газпромнефт — Тоҷикистон» ва филиали идораи Ҷамъияти саҳомии Роғун дар НБО «Сангтӯда — 1» ширкат варзиданд.                          Дар маҷлис натиҷаҳои фаъолияти ширкатҳои Русия дар Тоҷикистон дар давоми соли 2008 ҷамъбаст намуда, нақшаҳои кори онҳо дар соли 2009 муайян карда шуданд. Зикр шуд, ки маблағи хариду фурӯши мол дар байни Тоҷикистону Русия соли 2008 — ум 1,2 миллиард доллари ИМА — ро ташкил дод. Ҳаҷми хариду фурӯши мол дар байни ҳар ду кишвар дар давоми се соли охир 3,5 баробар афзуд. 25 фоизи ҳаҷми умумии хариду фурӯши мол ба Русия рост меояд. Аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ, маблағи хариду фурӯши мол дар байни Тоҷикистону Русия соли 2009 қариб 930 миллион долларро ташкил хоҳад дод.Федератсияи Русия аз ҷумлаи мамлакатҳоест, ки ба Тоҷикистон мунтазам кӯмаки башардӯстона мерасонад. Охири моҳи марти соли равон аз Русия ба Тоҷикистон бо се ҳавопаймо ба маблағи як миллион доллари ИМА кӯмаки башардӯстона фиристода шуд.  Маблағи кӯмаки башардӯстонаи Русия ба Тоҷикистон соли 2008 қариб 7 миллион долларро ташкил медиҳад.                          Ҳамзамон таъкид шуд, ки корхонаю ширкатҳои Русия зимни фаъолияташон дар Тоҷикистон бо баъзе душвориҳо ва проблемаҳо рӯ ба рӯ мегарданд. Аз ҷумла, директори генералии Ҷамъияти саҳомии «НБО Сангтӯда — 1» Раҳматулло Олҷонов зикр кард, ки бо сабаби мунтазам напардохтани маблағи қувваи барқи истифодашуда сохтмони баъзе иншоотҳо қисман боздошта шуд.                          Сафири Русия дар Тоҷикистон Юрий Попов соҳибкорону тоҷирони мамлакаташро дилпур сохт, ки сафорат манфиати онҳоро дар Тоҷикистон ҳамаҷониба ҳимоя хоҳад кард.

Май 29, 2009 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид