МАҶЛИСИ ИДОНАИ ШӮРОИ ҲАМКОРӢ ДАР СОҲАИ НАҚЛИЁТИ РОҲИ ОХАН
Маскав, 21 май. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Имрӯз дар шаҳри Минск маҷлиси идонаи 50 — уми Шӯрои ҳамкории мамлакатҳои ИДМ дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан кушода шуд. Иштирокчиёни маҷлис дар давоми ду рӯз қариб 20 масъала, аз ҷумла, ҷараёни иҷрои қарорҳои маҷлиси гузашта, барномаи амалӣ сохтани самтҳои афзалиятноки ҳамкории мамлакатҳои ИДМ дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан, вазъи имрӯзаи ҳисобу китоб дар байни муассисаҳои роҳи оҳан, масъалаҳои марбут ба ҷадвали ҳаракати қатораҳо, ба рӯйхатгирии вагонҳо ва контейнерҳо ва фаъолияти бригадаҳои қатораҳои роҳи оҳанро дар мавриди рух додани фалокат муҳокима менамоянд. Дар маҷлис инчунин, низомномаи фаъолияти комиссияи Шӯрои нақлиёти роҳи оҳани давлатҳои ИДМ, Латвия, Литва ва Эстония дар масъалаҳои ислоҳоти сохтории соҳа тасдиқ карда мешавад. Раиси Кумитаи иҷроия — котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев ба унвони иштирокчиёни маҷлис номаи шодбош фиристод. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки шӯрои мазкур моҳи феврали соли 1992 ташкил ёфта буд ва ба густариши ҳамкории муассисаҳои нақлиёти роҳи оҳани мамлакатҳои ИДМ мусоидат менамояд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






