МАРАФОНИ ТЕЛЕВИЗИОНӢ БА ШАРАФИ ИДИ ҒАЛАБА

Май 8, 2009 11:47

                     Маскав, 8 май. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Ширкати байналхалқии телевизиону радиои «Мир» бо кӯмаки Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии давлатҳои ИДМ 9 май дар шаҳри Маскав таҳти унвони «Ғалабаи мо» марафони телевизионии байналхалқӣ ташкил менамояд. Дар он 11 шаҳри калонтарини Русия ва мамлакатҳои ИДМ, аз ҷумла, Санкт — Петербург, Брест, Тифлис, Остона, Кишинёв, Ереван, Севастопол, Боку, Владикавказ, Душанбе ва Бишкек ширкат меварзанд. Дар ҷараёни марафони телевизионӣ аз Майдони Сурх, шаҳрҳои Севастопол ва Брест барномаҳои мустақим намоиш дода мешаванд.                  Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки имсол дар расми гузашти низомӣ бахшида ба 64 — солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Майдони Сурх ҳамаи навъу намудҳои Қувваҳои мусаллаҳи Русия иштирок менамоянд. Аз Майдони Сурх на танҳо танкҳо, балки навъҳои навтарини техникаи ҳарбӣ гузар мекунад. Дар фазои шаҳри Маскав 70 ҳавопаймо ва чархболи низомӣ машқҳои гуногунро иҷро хоҳанд кард.                    Тамошобинони телевизион шоҳиди таҷлили иди Ғалаба дар Флоти ҳарбии баҳрии Баҳри Сиёҳ дар майдони ба номи Нахимови шаҳри Севастопол хоҳанд гашт. Дар ҷараёни намоиш баҳрнавардони ҳарбӣ зимни гузоштани гулчанбарҳо дар киштиҳои ҷангии ғарқшуда намоиш дода мешаванд. Инчунин ба воситаи телевизион ҷараёни иваз гардидани дастаҳои посбонони ифтихорӣ дар қалъаи Брест намоиш дода хоҳад шуд.                     Марафони мазкур инчунин, ба воситаи муассисаҳои телевизионии давлатҳои дигари ИДМ намоиш дода мешавад.

Май 8, 2009 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид