«МАРКАЗИ ҶАВОНОН» 10-СОЛА ШУД

Май 22, 2009 14:41

                        Хуҷанд.22 май.(АМИТ «Ховар» Самад Юсуфӣ).-Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 10-солагии Муассисаи давлатии «Маркази ҷавонон» ботантана қайд карда шуда, ин маркази илму маърифат бо номи шоири шаҳири тоҷик Лоик Шералӣ номгузорӣ карда шуд.                         Ҷонишини раиси вилоят Ваҳоб Набиев сухани ифтитоҳӣ намуда, табрикоти раиси вилоятро қироат намуда, як телевизори ранга тӯҳфа намуд. Раиси раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Рустам Ғиёсов, ҷавононро бо ин ҷашнвора табрик намуда, ба чанде аз онҳо ифтихорнома ва тӯҳфахо такдим намуд. Шоира Фарзона ва раиси вилояти Сугдии Иттифоқи нависандагон Аҳмадчон Раҳматзод ҷавононро табрик намуданд.                          Дар қисми бадеӣ санъаткорони номӣ аз вилояти Суғд Носир Раҳимов, Абдураҳмон Абдураҳмонов, Алишер Дадабоев, театрстудияи «Хандинкамон», дастаи рақсии «Гулноз» ва дигарон хунарнамоӣ карданд.  

Май 22, 2009 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!