МАРОСИМИ ГУЛГУЗОРӢ БА ПОЯИ ҲАЙКАЛИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ

Май 24, 2009 11:57

                        Душанбе, 24 май. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров, Фарангис Раҳимова). — Президенти Ҷумҳурии Хорватия Степан Месич чанд лаҳза пеш ба нишони эҳтироми мероси фарҳангию таърихии халқи тоҷик ба майдони «Дӯстӣ» омада, дар Маҷмааи меъмории Ваҳдати Миллӣ ва Эҳёи Тоҷикистон ба пояи муҷассамаи бунёдгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт. Меҳмони олиқадрро дар ин ҷо Сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ҳамроҳӣ кард.                        Президенти Хорватия Степан Месич имрӯз, инчунин, бо Сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ва раиси Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Хайруллоев мулоқот хоҳад кард.                        Ӯ баъдан ба шаҳри Турсунзода рафта, бо фаъолияти ширкати алюминии Тоҷикистон шинос мешавад ва осорхонаи ин корхонаро тамошо мекунад.

Май 24, 2009 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд