МАРОСИМИ ИСТИҚБОЛИ ПРЕЗИДЕНТИ ТУРКИЯ

Май 29, 2009 09:55

                          Душанбе, 29 май. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова, Фарангис Раҳимова). — Субҳи 29 май дар назди Қасри Миллат маросими расмии истиқболи Президенти Туркия Абдулло Гул баргузор гардид. Меҳмони олиқадрро дар ин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешвоз гирифт.                          Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Президенти Туркия Абдулло Гул бегоҳии дирӯз барои боздиди нахустини расмӣ ба ҷумҳурии мо ташриф овард.                           Ба шарафи меҳмони олиқадр парчамҳои давлатии ҳар ду мамлакат барафрошта, дастаи посбонони ифтихорӣ ва гурӯҳи мутрибон саф ороста буданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбари давлати Туркияро хайра мақдам гуфта, ҳамроҳи ӯ ба пояи ифтихор баромад. Сардори дастаи посбонони ифтихорӣ ба роҳбарони ҳар ду кишвар ҳисоботи ҳозирбош дод. Баъди ин оҳангҳои миллии ҳар ду мамлакат навохта шуданд.                            Сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия аз назди дастаи посбонони ифтихорӣ гузар карданд. Президенти Туркия ба нишони эҳтиром дар назди парчами давлатии Тоҷикистон сари таъзим фуруд овард.                               Баъди анҷоми маросими истиқбол дар Қасри Миллат мулоқоти якка ба яккаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул шурӯъ шуд. Дар фарҷоми он имзои силсилаи ҳуҷҷатҳо пешбинӣ карда мешавад.

Май 29, 2009 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид