МАСОҲАТИ ҶАНГАЛЗОРҲО ВАСЕЪ МЕГАРДАД

Май 14, 2009 10:27

                      Душанбе, 14 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва шикори Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва хоҷагиҳои тобеи он тибқи нақшаи корӣ дар майдони 857 гектар ҷангалзорҳои нав бунёд намуда, дар 12 ҳазору 50 гектар нигоҳубини ҷангалро ба роҳ монданд. Соли ҷорӣ, дар мавсими кабудизоркунӣ, 600 кг тухмии арчаи зарафшониро барои бунёди ҷангалҳои оянда кишт намуданд. Дар майдони 40 гектар ниҳолхона ташкил карда шудааст, ки дар дохили он даҳҳо намуди тухми ниҳолҳои сояфкану мевадиҳанда кишт карда шудааст.                      Ҳоло дар хоҷагии ҷангал 2 млн.236 ҳазору 390 бех ниҳолҳои ҳархелаи мевадиҳандаву ороишӣ парвариш меёбад.                     Дар мавзеи «Сайёд»-и ноҳияи Данғара ба миқдори 119 ҳазору 965 бех ниҳолҳои босамар ва ороишӣ шинонда шуда, 590 кг тухмии дарахтони акатсия, шулаш ва бодоми талх кишт карда шудааст.                     Ин чорабинӣ барои васеъ кардани майдони ҷангалзорҳои ҷумҳурӣ мусоиддат менамояд.

Май 14, 2009 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд