МАСОҲАТИ КИШТИ ПАХТА КОҲИШ МЕЁБАД
Кӯлоб, 8 май. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Бар асари боридани боронҳои пай дар пайи чанд рӯзи охир беш аз 10 ҳазор гектар замини кишти пахта дар минтақаи Кӯлоб зарар дидааст. Баҳриниссо Назарова, сарагрономи идораи кишварзии минтақаи Кӯлоб мегӯяд, агар як қисмати заминҳои пахтаро об шуста бошад, аз сӯи дигар беш аз се ҳазор гектар замини кишти пахта аз намнокии зиёд комилан ба нестӣ расидааст ва идораи кишоварзӣ тасмим дорад, то дар заминҳои осебдида аз сари нав кишти пунбадонаро ба роҳ монад. Бояд гуфт, ҳанӯз маблағи зарари расида аз ҳисоби офати табиӣ ба заминҳои кишти пунбадона пурра маълум нест. Ҳарчанд, ки масъулин зарари расидаро талафоти бузург ба соҳаи кишоварзӣ дар чанд соли охир унвон намуданд. Вале ба гуфтаи эшон зарари расида аз ҳисоби дороии худи хоҷагиҳои Пахтакор ҷуброн хоҳад шуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки хоҷагиҳои пахтакор қарзҳои азиме аз бонкҳои маҳаллӣ бар дӯш доранд ва аксаран бо далели коҳиш ёфтани нархи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ҳанӯз ҳам ҳосили пахтаи соли гузаштаро ба фурӯш нагузоштаанд. Қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор тибқи иттилои расмӣ ба 512 миллион сомонӣ мерасад. Бонкҳои маҳаллӣ низ аз додани қарз ба хоҷагиҳои деҳқонӣ худдорӣ менамоянд. Ба унвони мисол Сайфулло Абдулваҳобов, ҷонишини директори Тоҷиксодиротбонк дар Кӯлоб мегӯяд, то хоҷагиҳои пахтакор қарзи бонкро барнагардонанд, дигар ба онҳо қарз дода намешавад. Дар ҳамин ҳол ба тахмини коршиносон чунин ранг гирифтани кор ба муфлисшавии хоҷагиҳои деҳқонии пахтакор оварда мерасонад. Аммо масъулини идораи кишоварзӣ мегӯянд, таи ду соли охир дар 12 ҳазор гектари замини кишти пахта зироатҳои дигари кишоварзӣ кошта мешавад ва солҳои оянда низ заминҳои кишти пахта дар минтақа коҳиш хоҳад ёфт. Феълан дар панҷ навоҳии минтақаи Кӯлоб дар масоҳати 35 ҳазор гектар замин пахта кишт мешавад.








КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд






