МАСОИЛИ ЭНЕРГЕТИКӢ ДАР ТАВА&#1206Ҷ&#1262ҲИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶ&#1250

Май 25, 2009 14:33

                        Душанбе, 25 май. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмадова). — 24 майи соли равон дар шаҳри Димишқ бо пешниҳоди вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ мулоқоти чорҷонибаи сарони ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон баргузор гардид. Ҳамчунин дар вохӯрӣ ҳайати Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб ва намояндагони Бонки исломии рушд иштирок намуданд.                      Дар ҷараёни гуфтушунид мавзӯъҳои ҳамкориҳои бисёрҷониба, масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷӯҳи ҷонибҳо муҳокима гардид.                        Сарони ҳайатҳо Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистонро оид ба лоиҳаи интиқол ва фурӯши нерӯи барқ миёни Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ «CASA 1000», ки 8 майи соли 2009 дар Вашингтон пахш гардид, дастгирӣ намуданд. Вобаста ба ин, тарафҳо ба гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ ва Бонки исломии рушд барои дастгирии лоиҳаи «CASA 1000» минатдорӣ баён карданд. Ҷонибҳо аҳамияти иҷрои муқаррароти Созишномаро миёни Тоҷикистон, Афғонистон, Қирғизистон ва Покистон оид ба таҳияи лоиҳаи сохтмони хатти интиқоли барқ «CASA 1000», инчунин инкишофи минбаъдаи бозори минтақавии нерӯи барқи Осиёи Миёна ва Осиёи Марказиро эътироф намуда, изҳор доштанд, ки ҳамбастагии низоми энергетикии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ метавонад ба халқҳои минтақа фоидаи иловагии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ оварда, дар иштироки иқтисоди миллии кишварҳо ва иқтисоди ҷаҳонӣ мусоидат намояд.                      Дар мулоқот аҳамияти ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи самараноки захираҳои обию энергетикӣ ба манфиати тамоми халқҳои минтақа махсус таъкид гардид.                        Иштирокдорони вохӯрӣ қарордодҳои дигари дуҷониба ва бисёрҷонибаи минтақавӣ, лоиҳаҳоро роҷеъ ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, бо шумули идеяи пайваст намудани низоми энергетикии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ дастгирӣ намуда, иҷроиши ҳарчи зудтари ин лоиҳа, андешидани ҳамаи чораҳои заруриро бо ин мақсад, аз ҷумла тадбирҳо дар бораи ба ҳукми қонун даромадан ва амалисозии Созишномаи чорҷонибаро дар кишварҳои худ ва маблағгузории Котиботи Шӯрои байниҳукуматиро, ки дар Кобул қарор дорад, таъкид дошта, аз кишварҳо ва ниҳодҳои дигари байналмилалии молиявӣ, ки хоҳиши дар лоиҳаи «САSА 1000» иштирок карданро доранд, даъват ба амал оварданд, то ба он бипайванданд.                      Дар зимн ҳайъати Амороти Муттаҳидаи Араб мақсади амалисозии лоиҳаи «CASA 1000»-ро дуруст арзёбӣ намуда, ҳавасмандии кишварашро дар бобати дар Абӯ Дабӣ ҷой додани қароргоҳи Агентии байналмилалии нерӯи таҷдидшавандаро (IRENA) ва ҳар сол ҷудо кардани 50 млн. доллари ШМА барои маблағгузории таҳияи лоиҳаҳои нерӯи таҷдидшаванда, гузарондани баҳодиҳии техникӣ-иқтисодӣ ва амалисозии онҳо иброз дошт.

Май 25, 2009 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа