МИҚДОРИ ЗИЁДИ МАВОДИ НАШЪАДОР НОБУД КАРДА ШУД
Душанбе, 30 май. (АМИТ «Ховар», Наталья Михайлова).-29 май дар корхонаи «Тоҷиктекстилмаш» дар доираи тадбриҳои бахшида ба 10-солагии таъсиси Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурӣ 1 тоннаю 155 киллограму 453 грамм маводи нашъадор нобуд карда шуд. Бештар аз 122 килограми он маводи пуртаъсири героин, зиёда аз 402 килограмм афюни хом ва 597 килограмм канабис мебошад. Дар маросими нобуд сохтани маводи нашъадор иштирокчиёни конфронси байналхалқӣ дар мавзӯъи «Таҳлил ва мубодилаи иттилоот, тавсиаи ҳамкории мақомоти муҳофизи қонуни минтақаи Осиёи Марказӣ» ва намояндагони воситаҳои ахбори оммавии маҳалию хориҷӣ ҳузур доштанд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар давоми 10 соли фаъолияти Агентии назорати маводи нашъадори Тоҷикистон бештар аз 11 тоннаю 588 килограмм маводи нашъадор несту нобуд карда шуд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






