МИНТАҚАИ ИСТИРОҲАТӢ ЗАРАР ДИД

Май 20, 2009 14:48

                         Душанбе, 20 май. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Дар шаҳри Ваҳдат, шаби 19 май дар натиҷаи омадани сел оби дарёи Кофарниҳон аз соҳил баромад, ки боиси зери об мондани як қисми фароғатгоҳи «Роҳи оҳан»-ро, воқеъ дар дараи Ромит дар километри 51, гардид.                           Тавре ба АМИТ «Ховар» котиби матбуоти Кумитаи Ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Дустмурод Забиров иттилоъ дод, бинои ошхонаи фароғатгоҳ, ки дар қисмати поён дар наздикии дарё воқеъ мебошад, зарар дид.                            Инчунин дар таҳхонаи ошхона, ки барои истироҳати коргарони ошхона муҷаҳҳаз гардонида шудааст, 5 нафар хоб буданд. Онҳоро якбора об зер намуда дар натиҷа 3 нафар наҷот дода шуда, 2 нафари дигарашон, хоҳарон Шоира Буриева, соли таваллудаш 1980, Сарвиноз Буриева, соли таваллудаш 1992, ки ба ҳайси пешхизмат кор мекарданд ба ҳалокат расиданд.                          Ғайр аз ин дар километрҳои 23-25 роҳи дараи Ромит аз баландиҳо сел фаромада, сангу лойи зиёдеро дар роҳ хобонидааст, ки ҳаракати нақлиётро мушкил гардонидааст. Барои тоза кардани роҳ шабона хадамоти роҳи шаҳри Ваҳдат сафарбар карда шуда дигар чораҳо андешида шудаанд.                          Айни ҳол, наҷотдиҳандагон ва дигар сохторҳои дахлдори Кумита баҳри бартараф намудани оқибати офати табиии ба амал омада чораҳои зарурӣ меандешанд.  

Май 20, 2009 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд