МУҲАРРИКИ 4 –УМИ «САНГТӮДА- 1» БА ИСТИФОДА ДОДА МЕШАВАД

Май 15, 2009 12:16

                       Душанбе, 15 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи иттилои маркази матбуоти ширкати саҳҳомии «<Барқи тоҷик» имрӯз муҳаррики 4-уми НБО «Сангтӯда -1» аз ҳолати ғайрикорӣ (холостой ход) ба ҳолати корӣ гузаронида мешавад.                          Ёдовар мешавем, ки агрегати 4-уми «Сангтӯда-1» тибқи шартномаи байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Федератсияи Россия бояд моҳи январи соли ҷорӣ ба истифода дода мешуд, аммо бо сабаби нокифоятии маблағ ва напардохтани ҳаққи истифодаи нерӯи барқи аз се агрегат ҳосилгардида, ки наздик ба 12 млн. сомонӣ баробар аст, мӯҳлати ба истифодадиҳии агрегати 4-ум то имрӯз тӯл кашид.                      Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, корҳои сохтмонӣ ва тармиму таҷдиди толори мошинҳои истеҳсолӣ ва сохтмони сарбанд дар се баст идома дода мешавад, ин аз он ҷиҳат аст, ки як қисми сохтмончиён барои кор ба нерӯгоҳи барқи обии Роғун фиристода шуданд.                       Мавриди пурра ба истифодадиҳии нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» моҳи август пешбинӣ шудааст.

Май 15, 2009 12:16

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд