МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТӢ БА САФИ АРТИШ БАРГАШТАНД
Душанбе, 16 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои ҷонишини комиссари ҳарбии вилояти Суғд Носир Тошматов, даъвати баҳорӣ ба сафи қувваҳои мусаллаҳ дар вилояти Суғд то 10-уми май 87 фоиз иҷро шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи сали гузашта 21- 22 фоиз беҳтар аст. Ин аз он ҷиҳат аст, ки ҷавонон бо сабабҳои ихтисор шудани ҷойҳои корӣ дар хориҷи кишвар ба Ватан баргашта, барои адои қарзи шаҳрвандӣ ба сафҳои артиши Тоҷикисон бо ихтиёри худ ба хизмат мераванд. Дар ноҳияҳои Панҷакент, Конибодом, Зафаробод, Табошар ва Шаҳристон, Масчох ва Исфара вазъи ба сафи артиши миллӣ даъват кардани наваскарон беҳтар шуд. Мутаассифона, ин даъват дар нохияҳои Ғончӣ, Хуҷанд ва Ашт мисли пештара суст аст, то охири мӯҳлати даъват бошад ҳамаги 15 рӯз боқӣ мондааст.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






