МУҲОКИМАИ ЛОИҲАИ БАРНОМАИ ҶАЛБИ МУТАШАККИЛОНАИ КОРГАРОНИ МУҲОҶИ
Душанбе, 4 май. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Имрӯз дар шаҳри Минск маҷлиси навбатии гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ИДМ баргузор мегардад. Маҷлис ду рӯз давом мекунад. Дар он лоиҳаи Барномаи ҷалби муташаккилонаи коргарони муҳоҷир ба давлатҳои аъзои ИДМ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Барномаи мазкур бояд ҳамаи масъалаҳои марбут ба фиристодани коргарон ба мамлакатҳои дигарро ба низом дарорад. Дар он ҷузъиёт ва принсипҳои асосии низоми идораи муҳоҷират инъикос ёфтаанд. Дар ҳуҷҷат роҳу усулҳои ба таври муташаккилона фиристодани коргарони муҳоҷир, ҳуқуқ, вазифа ва ӯҳдадориҳои онҳо аниқ муайян карда мешаванд. Пешбинӣ карда мешавад, ки ҳуҷҷати мазкур баъди муҳокима ва мувофиқа барои баррасӣ ба Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ пешниҳод карда хоҳад шуд.








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






