МУҲОКИМАИ ЛОИҲАИ СОЗИШНОМА ДАР БОРАИ МИНТАҚАҲОИ ОЗОДИ ТИҶОРАТ
Душанбе, 19 май. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Дар Кумитаи иҷроияи ИДМ маҷлиси нахустини гурӯҳи кории коршиносон баргузор гардид. Дар он лоиҳаи созишнома дар бораи минтақаҳои озоди тиҷоратӣ муҳокима карда шуд, ки онро Вазорати рушди иқтисоди Русия пешниҳод намудааст. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар маҷлис намояндагони Озарбойҷону Арманистон, Белорусия ва Қирғизистон, Молдавия, Русия, Тоҷикистон, Украина ва кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ИДМ ширкат варзиданд. Намояндагони Қазоқистон ва Ӯзбекистон дар маҷлис иштирок накарданд. Ҳамаи иштирокчиёни маҷлис пешниҳоду мулоҳизаҳояшонро дар бораи созишнома пешакӣ тайёр карда буданд. Озарбойҷон хабар дод¸ ки мавқеи худро роҷеъ ба созишнома дертар муайян карда, таклифҳояшро ба муҳокимаи маҷлиси ояндаи гурӯҳи корӣ пешниҳод менамояд. Тибқи қарори қабулшуда, аз Вазорати рушди иқтисоди Федератсияи Русия хоҳиш карда мешавад, ки лоиҳаи созишномаро бо назардошти пешниҳоду мулоҳизаҳо такмил дода, то 15 июни соли равон ба Кумитаи иҷроияи ИДМ фиристад. Илова бар ин, аз кумитаи иҷроияи ИДМ хоҳиш карда шавад, ки мавқеи Қазоқистон ва Ӯзбекистонро дар ин масъала муайян намояд. Дар маҷлис аз Ҳукумати Туркманистон хоҳиш карда шуд, ки намояндаи худро ба ҳайати гурӯҳи кории коршиносони ИДМ фиристода, дар гуфтушунидҳо роҷеъ ба созишномаи ташкили минтақаҳои озоди тиҷоратӣ ширкат варзад. Маҷлиси ояндаи гурӯҳи корӣ моҳи июл дар Маскав баргузор мегардад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






