МУҲОКИМАИ МАСЪАЛАҲОИ ПАҲН ГАРДИДАНИ БЕМОРИИ ХАВФНОК ДАР ЖЕНЕВА

Май 19, 2009 14:37

                        Женева, 19 май. (АМИТ «Ховар» — ИТАР — ТАСС ). — Дар Женева иҷлосияи 62 — юми Созмони ҷаҳонии тандурусӣ баргузор гардид. Дар он асосан проблемаҳои мубориза ба муқобили навъи нави бемории грипп — зукоми хук муҳокима карда шуданд. Директори генералии созмон Маргарет Чэн изҳор намуд, ки мо бояд ба хавфи паҳншавии ин беморӣ дар саросари ҷаҳон дуруст сарфаҳм рафта, дар баробари ин зарурати таъмини аҳолии ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳонро бо доруҳои муқобили гриппи муқаррарӣ фаромӯш накунем.                       Муовини директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Кейҷи Фукуда қабл аз оғози иҷлосия зикр намуд, ки то рӯзҳои охир дар 40 мамлакати ҷаҳон 8829 нафар ба бемории зукоми хук гирифтор шудааст. Мутахассисони соҳаи тандурустӣ 29 апрел ба ин беморӣ хавфи дараҷаи панҷумро мувофиқ донистанд. Ин чунин маъно дорад, ки хавфи паҳншавии беморӣ дар саросари ҷаҳон ба миён омадааст.                       Рӯзҳои охир дар бораи гирифтор шудани одамон ба ин беморӣ дар Ҷопон хабарҳо мерасанд.                         Вазири тандурустии Британияи Кабир Алан Ҷонсон иштирокчиёни иҷлосияро даъват кард, ки дар масъалаи додани дараҷаи шашум ба ин беморӣ шитобкорӣ накунанд. Ба ақидаи ӯ, ин иқдом ҷомеаи ҷаҳонро ба тарсу ваҳм андохта метавонад. Мавқеи вазири Британияро дар ин масъала вазирони тандурустии Зеландияи Нав ва Швейтсария ҷонибдорӣ намуданд.                         Вазири тандурустии Мексика Хосе Анхел Кордова қабл аз кушодашавии иҷлосия бо директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мулоқот кард. Вай хабар дод, ки Мексика ба Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар бораи хусусиятҳои микроби бемории нав маълумоти зарурии илмӣ пешниҳод кардааст. Ин барои сохтани дору барои табобати беморӣ кӯмаки калон мерасонад, гуфт Кордова.                        Дар иҷлосияи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ намояндагони ҳамаи 193 мамлакати аъзои созмон иштирок доранд.

Май 19, 2009 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳро дастоварди навбатии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Беш аз ду километр роҳи деҳаи Ниликони ноҳияи Рӯдакӣ мумфарш гардид
Дар ҷаласаи 45-уми Шурои идоракунандагони GCF масъалаҳои стратегии марбут ба татбиқи Созишномаи Париж баррасӣ мешаванд
Хизматрасонӣ 24/7: чӣ тавр оператори мобилӣ бо муштариён муошират менамояд